Навидњои
лабораторияи
тањќиќи гендерї

Гендер аз нигоҳи муҳаққиқон

Гендер дар Сарқонун ва қонунҳои ҷумҳурӣ

Гендер дар матбуоти расмӣ

Гендер дар матбуоти хусусӣ

Гендер аз нигоҳи донишҷӯён

Сухане чанд дар хусуси пажӯҳишгоҳ

 

Соли 2006 дар озмуни таъсиси Пажӯҳишгоҳи гендерӣ, ки бо ибтикори филиали Институти «Ҷомеаи кушод»-Бунёди Сорос дар Тоҷикистон доир гардид, факултаи рӯзноманигории ДМТ низ лоиҳа пешниҳод кард. Яке аз ҳадафҳои худро омӯзиш ва баррасии инъикоси масоили гендерӣ дар расонаҳои хабарии Точикистон муайян намуд, ки солҳои охир ин масъала аз сахифаҳои матбуот то ба гуфтори радио ва намоишҳои телевизион мақоми вижа дорад. Аз қиссаҳои гуногун то ба филмҳои мустанаду бадеӣ  оид ба мушкилоти баробарҳуқуқии гендерӣ сухан меравад, ки ҳаллу фасли онҳо дар мадди назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Кафолати баробарҳуқуқии марду зан дар Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон сабт гардида, қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расида, дар ин самт корхои зиёде анҷом гирифтааст. Вале бо вуҷуди ин дар ҷомеа мушкилоти зиёде ба назар мехӯрад, ки марбути қолабҳои маъмулии гендерист ва чун расум русум, анъанаву одат дар зиндагии рӯзмарраи мардум ҷой гирифтааст ва онҳоро аз байн бурдани заҳмату меҳнати муштаракро тақозо дорад.

Ин масъалаҳо дар расонаҳои хабарӣ ба таври гуногун баррасӣ гардида,  мутаассифона, дар бархе аз нигоштаҳо хусусияти ҳангомаҷӯёна касб карда, дар бархе расонаҳо манбаи даромади асосиро ташкил дода. Яъне рӯзноманигорон бо қиссабофиву қиссасозиҳояшон, ки на қаҳрамони мушаххасу на суроғаи муайян доранд, саҳифаи ҳафтаномаҳоро пур кардаанд. Вале ба саволи роҳи ҳалли муаммо кадом аст ва дар ин самт чӣ корҳо анҷом гирифтааст, ба ҷуз ҳафтаномаи «Миллат» ва «Нигоҳ» дар дигар ҳафтаномаҳои хусусии тоҷикӣ камтар ҷавоб пайдо мешавад ва аксаран ба қалами чанд рӯзноманигор тааллуқ дорад. Онҳо солиёни зиёдест, ки дар бораи занону духтарони тоҷик қисса мебофанд ва симои зани тоҷикро дар матбуот чун фиребгару дурӯғӯ, фоҳишаву маккора ҷилвагар месозанд. Ва албатта, хонандагони чунин қиссаҳо кам нестанд ва харидор дорад, ки аз ин ҳисоб ҳафтанома даромаду фоида ҳам ба даст меоварад. Талаботи бозор чунин муносибатро тақозо дорад, вале гоҳо қонун сарфи назар шуда, ахлоқи касбии рӯзноманигорӣ аз хотир мебарояд ва мутаассифона, симои зан-модари тоҷикро дар назари ҳамагон бо чунин тарз ҷилвагар месозем.

Дар муддати кӯтоҳ гурӯҳе аз толибилмони факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии ДМТ матбуоти солҳои охири даврии Тоҷикистонро варақгардон карда, андешаҳояшонро оид ба ин масъала дар гуфторҳои радио, намоишҳои телевизион ва рӯзномову маҷалаҳо, конфронсу ҳамоишҳо иброз доштанд, ки қисме аз онҳо дар ин маҷмӯа низ ҷой гирифтааст. Илова бар ин, дарсҳои махсус оид ба инъикоси масоили гендер дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд, ки аз соли нави таҳсил барномаҳои таълими ба табъ расида, дар факултаи рӯзноманигории ДДМТ тадриси онҳо шурӯъ мешавад.

 Бо дастгирии молии филиали Институти «Ҷомеаи кушод»-Бунёди Сорос дар Тоҷикистон дастури таълимии  «Матбуоти тоҷик ва масоили гендерӣ» ба табъ расида, конфронси ҷумҳуриявии «Баробарҳуқуқии гендерӣ: мушкилот ва дастовардҳо» бо ширкати устодони ДМТ, ДДСРТ, ДДЗТ, кормандони илмии АУ Тоҷикистон ва магистрҳову унвонҷӯйҳо аз Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Эрон баргузор гардид.

Омӯзиш ва баррасии масоили гендерӣ идома дорад ва аз натичаҳои он минбаъд низ дар расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, конфронсу ҳамоишҳо гузориш хоҳем дод.

 

П. ГУЛМУРОДЗОДА,

сарвари Лабораторияи таҳқиқи гендерии ДМТ

 

Гендер дар кишварҳои ҳамзабон

Гендер аз нигоҳи дини ислом