Навидњои
лабораторияи
тањќиќи гендерї

Гендер аз нигоҳи муҳаққиқон

 

Пайванди Гулмурод,

Ҷовид Муқим

 

МАТБУОТ ВА МАСОИЛИ ГЕНДЕРӢ

 

МУҚАДДИМА

Баҳсу мунозираи баробарҳуқуқии мардону занон таърихи қадимӣ дорад ва дар осори адибон зан на танҳо маъшуқа, балки чун тимсоли қаҳрамониву матонат, ҷонбозиву адолат ҳам тасвир ёфтаанд. Дар гузашта занони қаҳрамон, адолатҷӯву адолатпарвар, покизахӯву намунаи барҷастаи садоқат зиёд дар муборизаву ҷонбозиҳо ном баровардаанд. Вале, мутаассифона, бо гузашти солҳо ва маҳдудкуниву эҷоди монеаҳо занон на танҳо аз ҳаёти иҷтимоӣ, ҳатто ҳуқуқҳои оддитарини худ-касби илм дур шуданд ва кор то ба ҷое расид, ки равшанфикрону ислоҳотхоҳони тоҷик дар оғози садаи ХХ дар бораи зарурати илм омӯхтани духтарон баҳс оғоз намуданд. Ин масъала ва мақоми зан дар ҷомеа дар даврони шӯравӣ ҳалли худро ёфт, ки баробарҳуқуқии марду зан кафолат дода шуд ва дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ занону духтарон на танҳо ба таҳсили ҳатмии умумӣ фаро гирифта шуданд, балки дар корҳои ҷамъиятӣ низ ширкати фаъолона доштанд. Дар даврони соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ба мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештаре сурат гирифт ва мардум ба мафҳуми дигар-гендер рӯ ба рӯ шуданд, ки он барои ҷомеаи Тоҷикистон нав аст. Доир ба мафҳуми гендер ба ҷузъ доираи хурди мутахассисону коршиносон аксари мардум маълумоти зарурӣ надоранд. Гендер чист ва дар ҷомеа чӣ нақшу мақоме  дорад?

Гендер (Gender) калимаи англисӣ буда, маънои ҷинси грамматикиро дорад. Вай на чун ҷинси биологӣ, балки чун ҷинси иҷтимоӣ муносибатҳои байни марду занро инъикос мекунад ва он дар ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, идеология, фарҳанг зоҳир мегардад. Гендер чун инъикоскунандаи муносибатҳои марду зан ҳамаи синну соли ҷинсҳоро фаро мегирад. Зери мафҳуми муносибатҳои гендерӣ аз наврасону ҷавонон, духтарону писарон то ба кампирону мӯйсафедон фаҳмида мешавад. Мансубияти инсон ба ҷинсҳо аз рӯи хусусиятҳои генетикӣ ва анатомӣ муқаррар гардида, марбути нақшҳои гендерӣ ба рафтору афкори иҷтимоии марду зан аст. Гендер ҳамчунин хусусиятҳои рафтор, лаёқат, хислатҳои муайяни эҳтимолии марду занро фаро мегирад.

Ҷинси инсон аз нуқтаи назари биологӣ ва нақшҳои иҷтимоӣ (гендер) ё ҷинси иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Ба ин тариқ, ду ҷинси биологӣ (марду зан) ва ду ҷинси иҷтимоӣ - фарҳангӣ вуҷуд дорад. Тадқиқотҳои антропологӣ нишон медиҳанд, ки ҷинси гендерӣ, шаҳвоният ва нақшҳои ҷинсӣ аз шароити фарҳангӣ вобастаанд. Сарфи назар аз вусъати нобаробарии гендерӣ, вазифаҳои иҷтимоии мардону занон басе тафовутпазиранд, ки робитаи ягона байни нақшҳои биологӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаҳо вуҷуд надорад.

Равоншиносон баробарии гендериро маҳсули тарбия мешуморанд. Этнометологҳо ҷинси гендериро чун масъалаи фардияти шаҳвоният мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд.

 Назарияи муосири гендерӣ  мавҷудияти ин ё он тафовути биологиву иҷтимоӣ ва равонии байни мардону занони мушаххасро инкор намекунад. Бар он аст, ки тафовут чандон муҳим набуда, балки баҳо ва тафсири иҷтимоиву фарҳангӣ ва бунёди сохтори ҳокимият дар заминаи тафовутҳо муҳим мебошад. 

Дар ҷомеаи муосир аз хусуси баробарии гендерӣ зиёд ҳарф мезананд ва ба хотири амалӣ намудани он ҳукумат ва созмонҳои ғайридавлатӣ кӯшиши назаррас ба харҷ медиҳанд.  Баробарии гендерӣ  чист?

Баробарии гендерӣ (Gender equality) ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва имкониятҳои баробари занону мардони ҳамаи синну сол буда, он ҳуқуқҳои якхелаи инсон ва корманд, тақсимоти баробари ӯҳдадориву имкониятҳо, вазифаҳои меҳнатӣ, қабули қарор ва даромадро дар бар мегирад.  Ҳамчунин тибқи қонун баробарии гендерӣ кафолати мутаносибии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои якхелаи амалигардонии онҳо мебошад, ки ба ҳар ду ҷинс инкишофи озодонаи қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои ширкат дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ноил гардидан ба натиҷаи дилхоҳро  фароҳам меорад.

Имконияти баробар, таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсия  (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои ҶТ, ҳамчунин аз рӯи равандҳои умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ягона аст.

Баробарии гендерӣ таввассути баробарҳуқуқии гендерӣ (Gender equity) амалӣ мешавад.  Баробарҳуқуқӣ – ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун аст.

Баробарҳуқуқии гендерӣ иборат аз чорабиниҳое, ки барои барҳам задани шароиту омилҳои таърихиву иҷтимоии қоидаҳои нобаробари фаъолияти мардону занон равона шудааст.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон: Поймолкунии ҳуқуқ, ҳар гуна тафовут, истисно ё маҳдудгардонӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ, ки боиси пастравӣ ё эътироф накардани ҳуқуқу озодиҳои мардону занон дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо мегардад, манъ аст. Қонунҳои муосири Тоҷикистон барои инкори баробарҳуқуқии шаҳрвандон ҷазо пешбинӣ кардааст. Аз рӯи моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла бевосита ё бавосита вайрон ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон  вобаста ба ҷинс, нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеи шахсӣ, амволӣ  ё мансабӣ, маҳали истиқомат, муносибат ба дин, ақида, марбутият ба аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар расонидааст, бо  ҷарима  ба андозаи аз 200 то 500 маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ  ба мӯҳлати то ду сол ҷазо муайян шудааст.

Агар ҳамин кирдор бо зӯроварӣ ё таҳдид, бо истифода аз мақоми хидматӣ содир шавад, бо маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо муайян гардидааст. 

Муносибати иҷтимоии мардону занон таърихи ҳазорсолаҳо дорад, вале ин масъала то солҳои наздик мавриди пажӯҳишу баррасии ҳамаҷониба ва мукаммал қарор нагирифта буд.

Пажӯҳиши гендерӣ дар ИМА охири солҳои 60-уми садаи XX шурӯъ шуда, мирбаъд дар доираи илмҳои ҷамъиятшиносӣ рушду нумӯъ кард, ки  умумият ва тафовути идроки ҳақиқат  ва рафтори иҷтимоии мардҳо ва занҳоро мавриди баррасӣ қарор дод. Умумият ва тафовут минбаъд  на хусусиятҳои физиологии мардҳову занҳо, балки махсусияти  тарбияву таълим, рафтори онҳо  дар доираи тамаддунҳоро дар бар гирифта, тадқиқоти гендерӣ оид ба таърих, забоншиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, фалсафа, журналистика ва дигар соҳаҳо анҷом пазируфт, ки амалан фаъолияти марду занро дар ҳаёти иҷтимоӣ, оилавӣ ва шахсӣ муайян мекард. 

Пажӯҳишҳои гендерӣ дар марказҳои илмии Ғарб доман густурда, дар оғози солҳои 90-уми садаи ХХ  дар ҳамаи муассисаҳои мӯътабари илмию таълимӣ gender stydy s инкишоф ёфт ва таълими  курсҳои махсуси гендерӣ пурра ба роҳ монда шуд, ки  шунидани чунин курсҳо вазифаи мутахассиси соҳибмаълумоти Ғарб ба ҳисоб меравад.

Дар Русия маълумотҳои аввалин дар бораи тадқиқотҳои гендерӣ охири солҳои 80-уми садаи гузашта пайдо шуда, соли 1990 дар Академияи улуми СССР Лабораторияи пажӯҳишҳои гендерии Институти проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоии нуфусшиносӣ таъсис ёфт. Вале дар Русия тадқиқи мукаммали гендерӣ пас аз бозсозӣ шурӯъ шудааст. Дар Тоҷикистон соли 200 ба пажӯҳиши гендерӣ шурӯъ намуданд, ки дар назди филиали Институти «Ҷомеаи кушода»-и Бунёди Сорос Маркази пажӯҳишҳои гендерӣ ба фаъолият пардохт.

Феълан пажӯҳишҳои гендерӣ  соҳаҳои иҷтимоиёти гендерӣ, ҳуқуқи инсон, шуғл, расонаҳои хабарӣ, маориф, танзими оила, адабиёту санъат ва м. и. дар бар мегирад. Дар донишгоҳҳо, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ доир ба масоили гендерӣ дарсҳо сурат гирифта, бо дастгирии моддии бунёду созмонҳои байналмилалӣ марказу лабараторияҳои таҳқиқи гендерӣ ташкил шудааст, ки Лабараторияи таҳқиқи гендерии факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии ДДМТ аз ҷумлаи онҳост. Лабаратория ба таҳлилу баррасии матолиби расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ-чи расмӣ, чи аҳзоби сисӣ ва чи хусусӣ машғул буда, аввалин натиҷаҳоро ба даст овардааст. Донишҷӯён натиҷаи омӯзишу баррасии хешро дар гузоришу баёнияҳо, мақолаву маърӯзаҳо ба муҳокимаи умум гузошта, дар конфронсу ҳамоишҳо ширкат хоҳанд кард. Бо мақсади бештар ҷалб намудани донишҷӯён ба ин раванд дарсу семинарҳои махсус ба роҳ монда мешавад, ки дар онҳо аз таърихи омӯзиши гендерӣ, мавқеи зан дар ҷомеа аз нигоҳи қонун ва дин, кафолати фаъолияти озодонаи занон дар ҳаёти иҷтимоии  кишвар аз рӯйи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон, инъикоси масоили гендерӣ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва муваффақияту нокомиҳо дар ин масъала баҳсҳо сурат хоҳанд гирифт

Дастури таълимии«Матбуоти тоҷик ва масоили гендерӣ»  сайри мухтасари таърихие доир ба пайдоиш ва ташаккули ҳаракатҳои феминистӣ, ҳуқуқи занону кӯдакон дар ҷомеа аз нигоҳи қонун, дин, урфу одат ва суннатҳо, инъикоси масоили гендерӣ дар матбуот, ки чун маводи ёрирасон ба устодону донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин суолҳои санҷишӣ ҷой дода шудааст, ки дар сабақгардону беҳтар аз бар кардани дарсҳо оид ба масоили гендерӣ ёрӣ хоҳад расонд.

 

АЗ ТАЪРИХИ ҲАРАКАТҲОИ ФЕМИНИСТӢ    

Истилоҳи феминизм аз калимаи лотинии фемина (зан) буда, бори аввал соли 1895 аз ҷониби феминисти либералӣ Элис Росси истифода шудааст.  Ҳоло истилоҳи мазкур сермаънобуда, аз ҷумла назарияи баробарии ҷинсҳо, асоси ҳаракати занонро мефаҳмонад. Ҳамчунин феминизмро чун муродифи ҳаракати занон ба кор мебаранд.

Пайдоиши ғояи феминистӣ нав набуда, аз замони пайдоиши инсон ҷинсҳо барои баробарҳуқуқӣ мекӯшиданд. Дар Ғарб пайдоиши ғояи феминистиро ба давраи эҳё марбут медонанд, ки дар навиштаҳои намояндагони он давра Кристина де Пизан ва Карнелиус Агриппа дар бораи муносибатҳои ноадолатонаи ҷамъият нисбати занон сухан мерафт.

Давраи дигари рушди феминизм ба инқилоби бузурги Фаронса рост меояд, ки дар он шиорҳои «озодӣ», «баробарӣ» ва «бародарӣ» ба вуҷуд омаданд. Қабули «Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд», ки ҳамаи одамонро баробарҳуқуқ кард, амалан эъломияи ҳуқуқи мардҳо буд ва боиси эътирози занон гардид. 

Соли 1791 Олимпия де Гуж «Эъломияи ҳуқуқи зан ва шаҳрванд»-ро навишт, кионро чун нахустин манифести феминизм ном мебаранд. Дар моддаи авали Эъломия омадааст: «Зан таваллуд мешавад ва дар назди қонун озод аст. Бо мардҳо баробарҳуқуқ мебошад». Дар моддаи шашум дар  тақвияти ин андешаҳо таъкид шудааст, ки «ҳамаи шаҳрвандон барои соҳибӣ ба тамоми мартабаю мансабҳои ҷамъиятӣ, ба ҳамаи вазифаҳо бояд ҳуқуқи баробар дошта бошанд ва ба ин ягон чиз монеъ нашавад, магар қобилияту истеъдоди шахсиашон». Дар хотимаи Эъломия навишта: «Зан чун ҳуқуқи ба пойи дор баромаданро дорад, пас бояд ҳуқуқи ба минбар баромаданро ҳам пайдо кунад».  Ин талабот аз ҷониби занон дастгирӣ ёфта, созмону клубҳои занон таъсис  гардиданд. Вале ҳукумат зуд ин созмону клубҳоро баста, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷамъ омадани занҳоро манъ кард. Сари муаллифи Эъломия- Олимпия де Гужро ноябри соли 1793 бо тӯҳмати нафрат ба тартиботи ҷамъиятӣ аз тан ҷудо карданд.

Соли 1792 дар Англия Мэри Уолстоункрафт китоби «Ҳифзи хуқуқи занҳо»-ро навишт. Ҳамон сол дар Олмон китоби Теодор фон Гиппел  «Дар бораи беҳ кардани вазъи шаҳрвандии занон» чоп шуд.

Дар садаи XIX ҳаракатҳои феминистӣ густариш ёфтанд. Консепсияҳои фалсафии Ҷон Локк, Жан Жак Руссо, Ҷон Стюарт Милл асосҳои назарияи ҳуқуқи инсонро инкишоф доданд. Файласуфи англис Ҷ. С. Милл ва ҳамсараш Харриэт Тейлор соли 1869 китоби «Тобеияти зан»-ро навишта бо мақсади  исботи гуфтаҳояшон назарияи либералӣ- фалсафии баробарии зану мардро пешниҳод карданд.

Назарияи сотсиализми утопияви (хаёли)-и Шарл Фуре, Сен-Симон ва Роберт Оуэн низ бар рушди ҳаракати феминистӣ мусоидат кард.

Дар садаи XIX дар мамлакатҳои Аврупо як қатор инқилобҳои буржуазӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки муборизаи занонро барои ҳуқуқ ба меҳнат ва маоши баробар бо мардҳо фаъол намуданд.

Дар охири садаи XIX ҳаракати суфражистон пайдо шуд, ки ҳадафаш соҳибияти ҳуқуқи ширкат дар интихобот буд. Натиҷаи муборизаи онҳо буд, ки дар ду даҳсолаи аввали садаи XX дар қисми асосии Аврупо ва Америкаи Шимолӣ занон барои ширкат дар интихобот соҳибҳуқуқ гардиданд. 

Дар солҳои 60-уми садаи XX бо пайдоиши ҳаракатҳои чапи радикалии эътироз ва ташаккули назарияи зиддифарҳангӣ давраи нави рушди феминизм ва 3 ҷараёни асосии феминизм: либералӣ, сотсиалистӣ ва радикалӣ ба вуҷуд омаданд, ки ҳар кадоме дорои махсусиятҳост. 

 

ФЕМИНИЗМИ  ЛИБЕРАЛӢ 

 Эҳёи феминизми либералӣ соли 1963 аз чопи китоби Бетти Фридан «Муаммои нафосат» оғоз мешавад. Муаллиф барои таълифи китоб бо 300 нафар соҳибхоназанони синфи миёнаи ИМА мусоҳиб шуда,  ба хулоса меояд, ки онҳо бо мардҳо ҳуқуқи баробар надоранд. Дар воқеъ, ин китоб ба ҳаракати занон дар ИМА такони ҷиддие дода, созмонҳои миллии занон ба вуҷуд омад, ки садҳо ҳазор нафар бонувони миёнаҳолро муттаҳид менамуданд.

Ғояи асосии Б. Фридан -  дастрасии занон ба таҳсилот ва барои онҳо созмон додани барномаҳои вижаи сайқали маҳорат буд. Вай чун феминистони дигар муқобили ташкили оила набуд. Намояндагони феминизми либералӣ иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳои иҷтимоӣ барои иҷрои нақшҳои оилавию касбӣ, аз ҷумла таъсиси муассисаҳои томактабиро дар корхонаҳо тақозо мекарданд.  Ҳамчунин онҳо талабгори тартиби кори чандир барои занон ва ҷалби мардон ба корҳои хона буданд.

Ба ақидаи Сюзан Окин, оила набояд вайрон, балки кори хона барои зану мард аз рӯи адолат тақсим карда шавад.

Феминистони либералии садаи XX – Элис Росси, Ҷанет Ричардс, Сюзан Окин, Натали Блюстоун ғояҳои феминистони либералии садаҳои XYIII-XIX-ро идома медоданд, зеро то ба ҳанӯз талаби онҳо оид ба баробарии ҷинсҳо амалӣ нашуда буд.

Ба ақидаи онҳо роҳи асосии ҳалли проблемаҳои занон ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар чаҳорчӯбаи ҷомеаи мавҷуда мебошад.

Феминистони либералии ин давра баробарии марду занро дар набудани тафовути ҷиддие байни онҳо медонистанд.

 

ФЕМИНИЗМИ СОТСИАЛИСТӢ

 Аз рӯи назарияи мазкур сабаби асосии тазйиқи зан моликияти хусусӣ ва сохтори синфии ҷамъият аст. Агар капитализм барҳам зада шавад, нобаробарии ҷинсҳо аз байн меравад. Ин нукта дар китоби Ф. Энгелс «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» (1884) баён гардидааст. К. Маркс андешаҳои ҳаммаслакашро ҷонибдорӣ намуд, ки то андозае афкори Ш. Фуре ва А. де-Симонро тақвият медод. Вале К. Маркс ва Ф. Энгелс таваҷҷӯҳашон бештар ба оммаи заҳматкаш буд, на чун пешгузаштагони худ аз хусуси ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандии фард-марду зан ибрози андеша мекарданд. Баробарҳуқуқии марду занро дар ҷамъияти аз зулму истисмор озод медиданд ва онро ягона муносиботи дуруст мешумориданд. Онҳо аз феменистҳое, ки хуқуқҳои сиёсии занонро талаб мекарданд, дурӣ ҷустанд ва ба феминизми классикиву либералӣ тамғаи буржуазиро зада, муборизаи шадидро оғоз карданд. Ин ғоя аз тарафи дигар намояндагони феминизми марксистӣ то солҳои 60-уми садаи ХХ идома ёфт.

Феминизми марксистии охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX бо кӯшиши Александра Колонтай, Клара Сеткин, Август Бебел ва марксистони дигар инкишоф ёфтааст.

Феминизми сотсиалистӣ (марксистӣ) ду давраи пайдоиш ва ташаккул дорад:  якум - соли 1884 ва дуюм - соли 1968. Намояндагони давраи аввал Алексанра Колонтай, Клара Сеткин ва намояндагони давраи дуюм Зилла Айзенстайн, Мария делла Коста, Хайди Хартманн буданд.

Феминизми марксистӣ дар асарҳои Эмма Голдман («Фурӯши занон ва эссеҳои дигар дар бораи феминизм»), Синти Кокбёрн («Бародарон: бартарияти мардона ва тағйироти технологӣ»), Мэри Эванс («Ситоиши назария: пажӯҳиши занона») ва ғайра баррасӣ шудаанд. Онҳо асосан ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вазъи занонро дар ҷомеаи сармоядорӣ таҳлил ва  хулосаи аз рӯи ҷинс сурат гирифтани тақсими меҳнат дар олами сармояро пешниҳод  мекунанд. Зан дар хона маҳсулот истеҳсол мекунад ва хизмат мерасонад, ки арзиши табодул надорад. Аз ин рӯ, меҳнати зан дар хона ва нигоҳубини кӯдакон чун «кори асосӣ» пазируфта намешавад. Мард, ки дар соҳаи ҷамъиятӣ кор мекунад, бевосита ба истеҳсоли маҳсулоти истеъмолӣ ҷалб гардида, он барои табодул дар бозор пешбинӣ шудааст. Ҳамин аст, ки меҳнати занон дуюмдараҷа дониста мешавад.

Назарияи сотсиал-феминистон (феминизми сотсиалистии муосир) дар тафовут аз марксистон дар он аст, ки муносибатҳои синфӣ ва гендерӣ дар ҳаёти занон ба ҳам меоянд.  Падарсолорӣ (системаи афзалияти мардон дар нисбати занон) ва системаи синфии ҷамъият, аз ҷумла капитализм ҳамдигарро мустаҳкаму ҷонибдорӣ намуда, ба тазйиқи занон равона шудааст. Тазйиқи занон дар ҷомеаи сармоядорӣ ба истисмори иқтисодии коргарони кироя ва зулми онҳо чун модарону соҳибхоназанон  асос ёфтааст. Феминистон бунёди моддӣ ва идеологӣ доштани чунин тазйиқи падарсолорӣ (патриархалӣ)-ро таъкид мекунанд.

Феминизми сотсиалистӣ бинобар рад гардидани ҷанбаи гендерии тазйиқи занон дар марксизм  пайдо шудааст. Пешвоҳои марксизм тазйиқи занонро дар нисбати истисмори коргарон чандон муҳим  намедонистанд.

Ҳамин аст, ки назарияи системаи дуалӣ пайдо шуд. Ҷонибдорони системаи дуалӣ бар онанд, ки падарсолорӣ ва капитализм намудҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоӣ мебошанд ва ба ҳам омада занонро тазйиқ меоваранд.  Ҷулиет Митчелл-- муаллифи китоби «Балоғати зан» ва Хайди Хартманн--муаллифи асари «Никоҳи бадбахтонаи марксизм ва феминизм» аз пешвоёни назарияи системаи дуалӣ мебошанд. Ҷ. Митчелл падарсолориро намуди идеологии тазйиқи зан медонад. Х. Хартманн капитализм ва падарсолориро ду сари як аждар номида, онҳоро ду махлуқи даҳшатноки алоҳидае медонад, ки бар зиддашон бояд силоҳи гуногунро истифода бурд. 

   

ФЕМИНИЗМИ  РАДИКАЛӢ  

Файласуфи франсуз Симона де Бовуар (1908-1986) соли 1949 бо китоби «Ҷинси дуюм» ба  назарияи равияи феминизми радикалӣ асос гузошт. Китоб аввал дар Фаронса ва баъдтар дар ҳамаи мамлакатҳои Ғарб чоп шуд, ки харидорони зиёде пайдо кард. Танҳо дар  ИМА 1 миллион нусхаи он фурӯхта шуд, ки Симона де Бовуарро ҳатто аз шавҳараш Жан-Пол Сартри солҳои зиёд чун алломаи хирадмандони Аврупо овозадор машҳуртар гардонд.

 Файласуф солҳои зиёд дар зери таъсири ғояи марксистии озодии зан-озодӣ ба туфайли меҳнат ва инқилоби пролетарӣ буд, вале ба комилан дуруст будани ақидаи марксистӣ оид ба дигаргунсозии муносибатҳои байни ҷинсҳо шубҳа дошт. Вале дар китобаш бо марксистон бевосита баҳс накарда, таваҷҷӯҳро ба мушкилоти муборизаи коллективонаи  пролетариат чун кафолати озодӣ ба мушкилоти ташаккули зан равона мекунад. Дар андешаву мулоҳизаи ӯ мафҳумҳои озодии ирода, интихоб, худогоҳии шахсият ва мавҷудияти ҳақиқии он мавқеи муҳим дорад. Барои вай инсон мавқеи асосӣ дорад, ки қобилияташро инкишоф диҳад ё худро қурбони шароит, одоби маъмулӣ ё хурофот гардонад. Инсон қодири ҷило бахшидани ҳаёти худ аст. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи вайро на оммаи занон ва муборизаи якҷояи онҳо, балки шахсияти зан ва мақоми ӯ дар таърих ҷалб карда, муносибати  мард ва занро мавриди қарор додааст. Муносибате, ки шахсиятро ба вуҷуд меоварад ва он қобил аст ҳаёти хешро бошуурона бунёд созад ва ба он  маъниву мақсад бахшад.

Файласуф Симона де Бовуар ба муқобили тезиси Зигмунд Фрейд «анатомия сарнавишт аст», тезиси «зан таваллуд намешавад, чун зан ташаккул меёбад»-ро пешниҳод карда, собит месозад, ки тафовути биологии марду зан ҳаргиз тафовути иҷтимоии онҳоро чун яке ҳукмрон, дигаре ғулом дар назар надорад ва чунин тақсимот аз қазо муқаррар нашудааст, абадӣ нест, балки  онро шароитҳои муайяни таърихӣ ба вуҷуд оварда. Вақте ки дар оғози таърих ба мард вазифаи офаридани маънии ҳаёт-тамаддун, ба зан вазифаи тарбияи фарзанд, офаридани ҳаёт-табиат вогузор шуд, бо мурури замон қолабҳои шуури ҷамъиятӣ мардро ба тамаддун ва занро бо табиат монанд карданд. Мард чун симои эҷодгар, офаранда, хӯҷаин падидор гардида, зан чун объекти ҳокимияти ӯ, чун ҷузъи қувваҳои табиӣ намудор мешавад, ки файласуф дар муқобили он занро ҳамчун нерӯи созанда, ташаккулёбанда, дорои озодии ирода ва ҳама гуна хислатҳои ниҳоди мардона тасвир менамояд. Ба пиндори Симона де Бовуар ин зиддият бо гузашти солҳо аз байн меравад ва кӯшиши озодихоҳӣ ба рафтори анъанавии марду зан ғолиб меояд.

Ҷараёни мазкур аз ҷониби Кейт Миллетт, Суламиф Фейрстоун, Андреа Дворкин, Кристина Делфи, Мэри Дэйлӣ ва дигарон инкишоф  ёфтааст.

Солҳои 60-уми садаи ХХ зери таъсири бевоситаи ғояҳои Симона де Бовуар идеологияи неофеминизм ташаккул  ёфт. Шиори асосии неофеминизм ба бартараф кардани тасаввуроти анъанавӣ -- вазифаи асосии зан давом додани насл, мақсади асосии ҳаёти онҳо  иҷрои вазифаҳои наслофаринӣ мебошад, равона шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсӣ ва амалии феминистони радикалӣ (занпарастони тундгаро) - барҳам задани хушунат нисбати занон аст. Ба андешаи онҳо то замоне, ки шаҳвоният таҷдиди назар нагардад, зан ҳамеша аз мард вобаста мебошад. 

Ба назари С. Фейрстоун («Диалектикаи ҷинс», 1970) падарсолорӣ аз нобаробарии биологии ҷинсҳо сарчашма мегирад. ӯ ба ҳуқуқҳои сиёсӣ, таҳсил ва ҳуқуқҳои дигари занон эътибор надода, барҳам задани нобаробарии марду занро дар дигар кардани воситаи биологии истеҳсол мебинад. Ба назари С. Фейрстоун баъди ба роҳ мондани истеҳсоли сунъии инсон нобаробарии занон аз байн хоҳад рафт.

Воқеан, намояндаи ин равия Валери Соланас дар «Манифести ҷомеаи маҳви пурраи мардон» (Митин журнал. - 1967.-№ 59. – С. 480) мегӯяд: «Аз он ки зиндагӣ дар беҳтарин ҳолат дар ин ҷомеа ҳузнангез аст ва  ягон соҳаи ҷомеа ба занҳо мансуб нест, онҳо, занони бошуури  ташнаи моҷароро мебояд, ки ин ҳукуматро сарнагун созанд, системаи пулиро барҳам зананд, автоматикунонии пурраро ба роҳ монанд ва ҷинси мардро маҳв намоянд».

Андреа Дворкин зидди ақидаи С. Фейрстоун аст, ки технологияҳои нави репродуктивӣ як дом ва воситаи нави назорати бадани зану  худи ӯ мегардад.

К. Миллетт оиларо «институти асосии падарсолорӣ» медонад. Азбаски оила -- сарчашмаи асосии иҷтимоъгардонии кӯдакон аст, дар он бори аввал писарону духтарон ҳукумати падарсолорӣ ва тақсимоти меҳнатро меомӯзанд.

Занпарастони тундгаро оиларо асоси падарсолорӣ ва сарчашмаи зулми занон меномиданд.  Баъзе аз намояндаҳои равияи мазкур (Кристина Делфи) чун феминистони либералӣ кори хона, аз ҷумла нигоҳубини кӯдаконро амали хушунаткунанда ва тазйиқовар меҳисобиданд. Агар феминистони либералӣ ин ҳолатро тасодуфӣ ва тавассути кӯмаки мард ё хизматгор ислоҳшаванда донанд, феминистони радикалӣ собит мекарданд, ки дар ин вазъ мардон бартарият доранд. Онҳо роҳат мекунанду занҳо кори хонаро анҷом медиҳанд. Ҳамин серкории занон ба онҳо имконият намедиҳад, ки бо мардон дар сиёсат ва вазифаи сермаош рақобат кунанд.

Энн Оукли дар асарҳояш «Иҷтимоиёти кори хона» ва «Соҳибхоназан» ба ақидаҳои модарии зан, яъне  кӯдакон бояд модари биологӣ дошта бошанд, кӯдакон ба ғамхории модар эҳтиёҷ доранд ва  онҳоро бояд як нафар ҳамеша парасторӣ кунад, зид мебарояд. Ба қавли ӯ, ба модари биологӣ доштани кӯдакон эҳтиёҷ нест, зеро кӯдаконе, ки ба тарбия гирифта мешаванд, аз фарзандони  дар оила тарбияёфта фарқ надоранд. Дигар ин ки ба кӯдак фарқ надорад, ки бо кӣ бошад. ӯ ба як нафар эҳтиёҷ дорад, то ки бо вай сӯҳбат кунад. Ҳамчунин Э. Оукли ақидаи дар оила бо модар тарбия ёфтани фарзандро инкор карда, барои исботи назари худ кӯдакони коммунаҳои исроилиҳоро мисол меорад, ки кӯдакони дар ҷомеа тарбия ёфта, аз кӯдакони оила тафовуте надоранд. 

Мафҳуми шаҳвоният яке аз проблемаҳои марказии равияи феминизми радикалӣ ҳисоб меёбад, зеро афзалияти мард ва мутеияти зан дар шаҳвоният меъёр аст ва ин дар муносибатҳои дигари ҷинсҳо низ мушоҳида мешавад. Барои аксари феминистони радикалӣ занҳо агар дар муносибати шаҳвонӣ баробарҳуқуқ нагарданд, ҳаргиз дар соҳаи сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо мардҳо баробар намешаванд.

Дар ҳамин ҳол бояд зикр кард, ки ҷимоъ аз талаботи табиии ҷинсҳо буда, фаъолияти шахс аз он вобаста аст.    

Барои феминистони радикалӣ давлат воситаи назорати мардҳо ба шаҳвонияти занон мебошад. Ба назари онҳо агарчи давлат тавассути қонунҳои мусовиаш амал мекунад, вале дар асл занон аз тарафи давлат чун аз ҷониби мардон гирифтори хушунат мешаванд. То он вақте ки дар давлат мардҳо роҳбаранд ва системаи қонунгузории он ба ҳукумати мардона асос ёфтааст, занон наметавонанд тавассути механизмҳои давлатӣ аз мутеият халос шаванд.

Ҳоло ин се равияи феминистӣ чун дар солҳои 60-уми садаи XX фаъол нестанд  ва ҷараёнҳои нав ба мисли феминизми сиёҳ (ҳабашию америкоӣ), феминизмҳои миллӣ, африқоӣ, мусулмонӣ, экологӣ ва ғайра  пайдо шудаанд, ки ҳадафашон дифоъ аз ҳуқуқи занон дар маҳалу минтақаҳои алоҳида мебошад.

Дар даҳсолаҳои охир  равияҳои мазкур ба ҳам омезиш ёфта, самтҳои нави феминизм, аз қабили феминизми психоаналитикӣ ва постмодернистӣ ба вуҷуд омаданд.  

Феминизми психоаналитикӣ ба ҷараёни ташаккули айният аз рӯи аломати ҷинсӣ таваҷҷӯҳ менамояд. Мувофиқи назарияи равоншиносии таҳлилӣ хислатҳои шахсияти занон ва мардон дар овони кӯдакӣ ташаккул  меёбанд.        

Асоси феминизми психоаналитикиро консепсияи тарси бешуурона, ки мардҳо нисбати образи зан ва имконияти таваллуди вай доранд, ташкил медиҳад. Ҳамин тарс сабаби пайдоиши падарсолорӣ ҳамчун ҳукумати мардон ва мутеияти зан мебошад.

Ҷулиет Митчелл, Жермина Гриер, Дороти Диннерстайн, Нэнси Чодороу ва дигарон таҳлилҳои равониро дар феминизм истифода кардаанд.

Феминизми постмодернистӣ (баъди навсозӣ) гуногунҷабҳа будани ташаккули донишу мафҳумҳои давраи маърифатнокиро зери шубҳа гузошта, нисбияти ҳамаи назарияҳоро эътироф ва вазъи урфии воқеияту ҳақиқатро инкор мекунад.

Феминистони постмодернистӣ бештар ба мафҳуми зан ва ҳамаи он чизе, ки бо ӯ алоқаманд аст, таваҷҷӯҳ менамоянд. Барои онҳо зан нест ва танҳо тафсир (интерпритатсия)-и мафҳуми мазкур вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи намояндагони ин самт Элен Сиксу бар он аст, ки занҳои ҷӯяндаи озодӣ беҳтараш аз ин мафҳум худро канора бигиранд, зеро он ба муттаҳидӣ асос ёфта, тафовутро аз байн мебарад.

Ҳамин аст, ки аксари феминистон постмодернизмро қабул надоранд ва онро воситаи падарсолории иҷбории хомӯш кардани занон медонанд, ки онҳо беш аз ҳарвақта ба гапзанӣ омодаанд.     

 

ФЕМИНИЗМ ВА ҶОМЕАИ  КОММУНИСТӢ   

Ифодагари намоёни ғояи феменизми марксистӣ дар Русия Александра Колонтай мебошад, ки манбаи мушкилоти занонро дар сохти капиталистӣ медид. Соли 1908 китоби «Асосҳои иҷтимоии масъалаи занон» ва соли 1916 китоби «Ҷомеа ва модарӣ»-ро чоп кард. Китоби аввал даъват мекард, ки ҳаракатҳои озодихоҳии занон на ба муборизаи муқобили намудҳои тазйиқ, балки бар зидди сабабҳои пайдоиши он равона карда шавад. ӯ ҷонибдори барҳам додани ҳукумат буд, ки ин тазйиқро ба вуҷуд меорад. Ба қавли вай, то он вақте ки зан аз ҷиҳати моддӣ аз мард вобаста аст, озод буда наметавонад.

Китоби дуюм беш аз 600 саҳифа буда, дар он вазъи коргарони кишварҳои аврупоӣ таҳлил шудааст. А. Колонтай дар китобаш ба хулоса меояд, ки хусусият ва шароити кори занон тағйир дода шавад.

А. Колонтай дар асари дигараш- «Оила ва давлати коммунистӣ» оилаеро, ки бо дӯстдории ҳамдигар таъсис ёфтааст, ормонӣ медонад. Ба қавли ӯ муҳаббати бузурги ҳамдигарӣ метавонад, чунин оилаҳои ормониро ба вуҷуд орад. Вале  на ҳамеша чунин мешавад, ки вай ҷонибдори дӯстии тарафайни марду зан бидуни никоҳ аст. Аз назари ӯ «капитализм бар дӯши зан бори вазнинеро гузошт: он занро ба коргари кироя табдил дода, на рӯзгори ӯ, на вазифаҳои ӯро сабук кард». Ҷомеа барои занон шароити мусоиди кор ва тарбияи фарзандонро фароҳам орад. Колонтай пешниҳод мекунад, ки баъзе вазифаҳои зан, аз қабили тарбияи фарзанд, кори хона ба дӯши давлат гузошта шавад. «Хонаҳои атфол, яслиҳо,  боғчаҳои бачагон, колонияҳои бачагон,  ятимхонаҳо, шифохонаҳо ва табобатгоҳҳо барои кӯдакон, инчунин ошхонаҳои бачагон, ба бачагон тақсим намудани китобҳои дарсӣ чун тӯҳфа, таъмини кӯдакон бо либоси гарм ва мӯза –магар ҳамаи ин гувоҳи он нест, ки ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон аз доираи оила баромада, аз дӯши волидон ба дӯши коллектив-ҷамъият вогузор мешавад?» Ба ақидаи ӯ аз байн рафтани вазифаҳои оилавӣ шароити нави муносибатҳои оилавиро ба вуҷуд меоранд, ки «шакли нави  муносибати байни марду зан-иттифоқи рафиқона ва самимонаи ду узви озоду мустақил, коргар  ва баробарҳуқи ҷамъияти коммунистӣ ташаккул хоҳад ёфт». Дар ин ҷо барои исқоти ҳамл ҷой нест. Таваллуди кӯдак хоҳиши шахсӣ набуда, қарзи ҷамъиятист. Занҳои ҳомила ва модарони кӯдакони ширхор дар зери ҳимояи давлат мебошанд. Муҳаббати модар ба фарзанди худ ба мҳаббати модар ба тамоми кӯдакаон табдил меёбад.

Ҳукумати Шӯравӣ дар ҷаҳон бори аввал пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр (соли 1917) ба занон ҳуқуқу озодиҳо дод. Соли 1918 дар Россия Кодекс оид ба вазъи шаҳрвандӣ, никоҳ, оила ва парасторӣ қабул шуд. Тибқи он ҳуқуқи занону мардон баробар дониста шуда, сабти никоҳ ва ҷудошавӣ осон гардид.

Феминистон А. Коллонтай, И. Арманд ва Н. Крупская барои сабук кардани заҳмати занон инқилоби маиширо пеш гирифтанд. Аз рӯйи лоиҳаи онҳо давлат тавассути таъсиси шабакаи ошхонаву козурхонаҳо, боғчаи бачагон ва ғайра бояд занонро аз кори хона озод ва барои фаъолияти ҷамъиятии онҳо шароит муҳайё мекард.

Дар давраи шӯравӣ баъзан манфиати давлатӣ назар ба ҳуқуқи занон боло гузошта мешуд, ки боиси поймолии ҳуқуқи онҳо мегардид. Соли 1936 дар СССР фикона (аборт) манъ гардида, танҳо соли 1955 он аз нав иҷозат дода шуд.  Воқеан, ҳоло дар 15 кишвар (аз ҷумла дар Колумбия, Чилӣ, Гондурас, Миср, Сан-Томе, Непал, Филиппин, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Малта, Маврикия, Ҷумҳурии Доминикан, Бутан, Сан - Марино, Ҷибутӣ)  фикона (исқоти ҷанин) манъ аст. Дар 52 давлати дигар исқоти ҷанин танҳо дар ҳолати хатар доштани ҳомила барои зан иҷозат дода мешавад.

Соли 1944-дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлати шӯравӣ бо назардошти вазъи демографӣ бекор кардани никоҳро  мушкил кард ва танҳо соли 1965 талоқ аз нав осон гардид.

Баъди ислоҳоти маориф, соли 1954 таълими якҷояи занону мардон (духтарону писарон) иҷозат дода шуд, ки ин як навъ амалигардонии баробарии занону мардон буд.

Соли 1967  Ҳукумати Шӯравӣ барои дастгирии оилаҳо тарзи додани алиментро ба низом даровард, ки ба беҳбудии вазъи моддии занону кӯдакон мусоидат намуд.

Конститутсияи соли 1977 баробарии вазифаҳои оилавиро барои зану шавҳар муайян кард, ки қадами ҷиддие ба пеш буд. 

Воқеан, дар давраи шӯравӣ ҳаракати феминистӣ тадриҷан ба ҳаракати гендерӣ мубаддал гашт. Вале феминизми ин давра махсусияту маҳдудиятҳо дошт, ки дар доираи салоҳдиди давлати падарсолорӣ назорату татбиқ карда мешуд.   

Нақши иҷтимоӣ ва вазъи занон дар Иттиҳоди Шӯравӣ 3 давраро дар бар мегирад, ки давраи аввал аз ғалабаи Инқилоби октябр дар соли 1917 шурӯъ мешавад. Инқилоби сотсиалистӣ ба занон кафолати озодӣ ва баробариро дод. Занон дар ин давра ба касбу ихтисосҳои нав соҳиб шуданд, ки ба вижа дар солҳои сиюми садаи гузашта ҳангоми саноатикунонии иқтисодиёт ва афзудани талабот ба нерӯи корӣ ба таври оммавӣ ба истеҳсолот ҷалб кардани занон оғоз ёфт. Дар давраи Шӯравӣ, ба вижа солҳои 80-уми садаи XX занон 51 фоизи нерӯи кориро ташкил медоданд, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар дунё буд. Ҳамчунин дар СССР 92-фоизи занони қобили меҳнат кор ва ё таҳсил мекарданд.   

Давраи дуюм аз бозсозии горбачёвӣ- соли 1985 оғоз гардид. Дар ин давраи гуногунандешӣ дар саҳифаҳои матбуот мавҷуд набудани баробарии воқеии марду зан инъикос гардида, мушкилоти гендерӣ рӯ зад.

Давраи сеюм аз соли 1991 - барҳам хӯрдани давлати абарқудрати СССР шурӯъ шуд. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба низоми иқтисоди бозорӣ рӯ овардани кишварҳои узви ИДМ боиси паст рафтани мақоми зан дар ҷомеа гашт. Дар байни бекорон шумораи занон ба 70 % расид. Хусусигардонии амволи давлатӣ низ ба ҳаёти занон таъсири манфӣ расонд, зеро онҳо аз  раванди мазкур дар канор монданд. 

Аз ин ҷост, ки имрӯз вазъи зиндагии мардум, ба вижа кӯдакону занон дар аксари собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба давраи пеш хеле паст рафтааст. Заминаҳои ҳуқуқии озодиву баробарии онҳо ба вуҷуд омада, вале касодии буҷаи давлатҳо ва қашшоқӣ имконияти намедиҳад, ки  ҳуқуқу имтиёзҳо дар зиндагии рӯзмарра пурра амалӣ гарданд.

 

(Давом дорад)

 

Cаҳифаи аввал